ID-корти муҳоҷир кадом маълумотҳоро доро мешавад

АЗ рӯи ақида, корт ба 90 рӯз дода мешавад, ва ҳаёти хориҷиёни дар ҳудуди ФР истиқоматкунандаро осон мекунад. ID-корт ба муҳоҷирон барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодабарии хадамотҳои дигар дар ҳудуди ФР ёрӣ медиҳад. Инчунин ба хориҷиён тасдиқ кардани қонунӣ будани будубош дар ФР осон мешавад.

«Он ҳомили элетронӣ бо маълумотҳои фардӣ, аз он ҷумла маълумотҳои биометрикӣ, иттилоот оиди мавқеъи ҷорӣ, раводиди додашуда ва муҳлати амали онро хоҳад дошт», – нақл кард Кирилли Адзинов. Ташаббуси мазкур мутобиқи лоиҳаи ВКД Русия ба амал бароварда мешавад. Дар ҷамъбаст, ҳар як муҳоҷир бояд ID-корти дутарафаро бояд дошта бошад, дар тарафи рӯй ҳамаи маълумотҳои зарурии аввалия: ном, насаб, номи падар, ҷинс ва санаи таваллуд бо сурат нишон дода мешаванд. Дар тарафи оқиб иттилоот дар бораи шаҳрвандии дорандаи корт, маълумотҳо оиди шаҳодатнома, ҳамчунин чип бо маълумоти фардӣ ҷойгир мешавад. Корт ба муҳлати 90 рӯз дода мешавад. Фармон аз санаи 29 декабр ба қувва медарояд.

https://www.5-tv.ru/news/362595/vmdv-rasskazali-kakie-dannye-budet-soderzat-karta-migranta/