Ҷашни баробарии рӯзу шаб, маданиятҳои миллӣ ва оғози ҳаёти нав

Фото: Пелагия Замятина / Вечерняя Москва

Дирӯз дар толори консертии «Градский холл» халқҳои эронизабон ва туркзабони Маскав фарорасии баҳор – Наврӯзро қайд карданд. <…>

— Вақте ки мо Наврӯзи навбатиро омода мекунем, моро ҳамеша обу ҳаво ташвиш медиҳад. Қаблан мо идро дар павилони 75-уми НМХХ мегузаронидем, ки ба он ҷо бештар аз 50 шазор нафар меомаданд. Дар соли гузашта мо аввалин маротиба идро онлайн гузаронидем, ва моро 2 миллион 200 ҳазор нафар тамошо карданд. Ва ин аҷоиб аст,– қайд мекунад роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав Виталий Сучков. – Иди бисёрмиллат аст. Ин маънои онро дорад, ки он ба мо барои фаҳмидани якдигар ёрӣ медиҳад. Аз ҳама муҳимаш – барои муттаҳид гаштан. Барои он, ки Маскав ва Русия – хонаи зебо барои ҳамаи миллатҳост. Ва мо барои мустаҳкамкунии ҳамсоягии нек ва дӯстӣ ҳамаашро мекунем. Инчунин дар Наврӯз тоторҳо, қирғизҳо, гагаузҳо, талишҳо ва халқҳои дигар иштирок карданд. Дар шумораи умумӣ – бештар аз 160 ҷамоатҳои этникӣ.

Источник