Ҳукумати Қирғизистон муҳоҷирати меҳнатиро барои рушди иқтисодиёт истифода мебарад

Фото :  МЦ «Сахарово».

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2022 якчанд ташаббусҳоро амалӣ мекунад, ки чӣ тавре дар шӯрои вазирон нақша доранд, ба қирғизистониҳои аллакай дар Русия қарордошта ё ки ҳоло барои ба он ҷо рафтан омодагӣ дидаистода барои кор кардан ёрии ҷиддӣ мерасонанд. Ба ғайр аз он, ин чораҳо бояд ба иқтисодиёти ҶК низ бояд таъсири мусбӣ расонанд. Оиди яке аз чунин ташаббусҳо дар рӯзҳои ҷорӣ сарвари шӯрои вазирони ҶҚ Акилбек Жапаров хабар дод. Ҳангоми баромад кардан дар форуми бахшида ба масъалаҳои ҳиҷрати қирғизистониён, ӯ оиди супориш ба бонкҳои ҷумҳурӣ бо иштироки давлат баррасӣ намудани имконияти дар Русия кушодани бахшҳои худ нақл кард. Акилбек Жапаров дар рафти баромад рақамҳои зеринро овард: қирғизистониҳои дар ФР соҳиби ҷойи кор гашта тақрибан сеяки даромадҳои худро ба ватан равона мекунанд, сеякашро ба иҷораи манзил, хӯрокворӣ ва либос харҷ мекунанд, сеякашро дар бонкҳои давлати онҳоро қабулкарда нигоҳ медоранд. «Ин 30 фоизро барои беҳбудии кишвар истифода бурдан мумкин буд»,– қайд кард мансабдор.

Источник