Ҳукумати Маскав нақшаи расонидани хизматҳои давлатиро дар забонҳои модарии муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ИДМ, ҳамчунин дар забони англисӣ ва чиниро дорад, муайян карданд «Открытие медиа»

Барои «пайвасткунии» муҳоҷирони меҳнатӣ, экспатҳо ва сайёҳон ба хизматрасониҳои давлатӣ, ҳукмат «профили» хориҷиёни дар Маскав истиқоматкунандаро тартиб медиҳанд ва муаммоҳоеро, ки онҳо аз сабаби монеъаи забонӣ дучор меоянд, тадқиқ мекунанд. Иттилоот дар бораи ин дар ҳуҷҷатгузорӣ ба тендер оид ба «тадқиқот оид ба мутобиқкунии хадамоти электронӣ барои шахсоне, ки дар забони гап намезананд» мавҷуд аст, ки онро ҶС «Электронная Москва» (ба департаменти амволи пойтахт тааллуқ дорад) санаи 1 феврал ҷойгир кардааст. Дар октябри соли гузашта раиси шаҳр Сергей Собянин оиди камшавии 40 фоизаи шумораи муҳоҷирон ва норасоии коргарон дар Маскав аз сабаби пандемия гуфта буд. Дар санаи 21 январ ҳукумати пойтахт интихоби мутамаркази шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро барои кор дар сохтмонҳо аз сабаби норасоии қувваи корӣ оғоз карданд. https://openmedia.io/news/n3/meriya-moskvy-adaptiruet-elektronnye-gosuslugi-dlya-migrantov-ix-perevedut-na-yazyki-srednej-azii-i-kitajskij/