Қабули аризаҳо ба иштирок дар озмуни ҳаштуми Маскав «Билингва» оғоз гардид

фото: РИА Новости/Евгения Новоженина.

Озмуни «Билингва» – ин имконияти шумо барои ба тамоми ҷаҳон нишон додани арзиши забони модарист! Соли 2022 дар кишвари мо Соли мероси мадании халқҳои Русия эълон гардидааст. Забонҳои модарӣ – қисми ҷудонашавандаи мероси этникӣ ва маданӣ аст. Барои ҳамин ба иштироки васеъ дар озмун ҷавонписарон ва ҷавондухтарони дар бештар аз ду забон гапзанандаро аз Маскав ва минтақаҳои дигари Русия ва кишварҳои хориҷӣ даъват мекунем! Шарти зарурӣ: забони русӣ барои Шумо бояд хориҷӣ, модарӣ набуда ё ки забони дуюм бошад! Дар соли 2022 озмун аз ҷониби Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав бо муносибати байниҳамдигарӣ бо Шӯро оид ба корҳои миллатҳои назди Ҳукумати Маскав ва Ҷамъияти байналхалқии педагогӣ барои дастгирии забони русӣ гузаронида мешавад. Ҳамчун ҳамкорон-ичрокунандагони омодакунӣ ва гузаронидани озмун Ташкилоти мухтори ғайритиҷоратии Маркази мусоидат ба маорифи байнимиллатии «Этносфера» ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав баромад мекунанд.

Источник