Шӯрои амният чораҳои навро бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ коркард намуд

Фото: ТАСС / Фадеичев Сергей

Дар Маскав маҷлиси Ҳайати байниидоравии Шӯрои амният оид ба амнияти ҷамъиятӣ баргузор гардид, ки мавзуъи асосии он мавзуъи ҷинояткорӣ байни муҳоҷирон гардид. Ёдрас мекунем, ки дар вақти ҷаласаи охирон оид ба масъалаҳои амният дар Минтақаи федералии марказӣ котиби Шӯрои амният Николай Патрушев иброз дошт, ки омадани сершумори муҳорҷирони меҳнатии хориҷӣ хатарҳои ҷиддӣ барои рушди ҷинояткорӣ дорад. Инчунин, аз рӯи суханони ӯ, ин боиси ба миён омадани ҷанҷолҳо дар заминаи этникӣ ва динӣ, бетартибиҳои оммавӣ гардида метавонад. Ва боз ба афзоидани шиддат дар аҳолии маҳалӣ метавонад оварда расонад. Барои ҳамин, котиби Шӯрои амният роҳбарони минтақаҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро барои дар назорати махсус нигоҳ доштани масъалаҳои пешгирии байни муҳоҷирон паҳн гардидани ғояҳои радикалӣ ва аз ҷониби онҳо риоя гардидани қонунгузории русиягиро даъват кард. Боз котиби Шӯрои амният аз мақомоти қудрат баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷамъиятиро дар ҷойҳои истиқомат ва кори муҳоҷирони меҳнати яқинан хоҳиш намуд. Худи ҳамин масъалаҳо дар ҷаласаи Ҳайати байниидоравии Шӯрои амният муҳокима гардида буданд.

Источник