Шумораи ҷойҳои холии кори сохтмонӣ дар Маскав дучанд гардид

© Sputnik / Павел Лисицын

Соҳаи сохтмон ба норасоии кадрҳо дучор омад. Аз рӯи маълумотҳои хадамоти калони русиягӣ оид ба ҷустуҷӯи ҷойҳои холии корӣ ва кормандон HeadHunter, шумораи ҷойҳои холии кушодаи сохтмонӣ дар Маскав қариб ду маротиба афзудааст. «Тақрибан 47% аз шумораи умумии ҷойҳои холии интишоргардида ба тахассусҳои сохтмонӣ, 24% – ба риелторон ва агентон оид ба фурӯш рост меоянд, ҳиссаи боқимондаро ҷойҳои холии корро менеҷменти олӣ ва ходимони коргар ишғол мекунанд», РИА «Новости». Аъзои Гилдияи риелторони Русия Константин Барсуков сабабҳои асосии гуруснагии кадрии тезшуда дар соҳаи сохтмони минтақаи Маскавро номбар кард. Аз рӯи суханони ӯ, зиёдшавии ҷойҳои холии кушод на танҳо бо рафтани муҳоҷирон, вале бо қурби асъор низ алоқаманд аст. Ҳалли муамморо ӯ дар маблағгузории имтиёзноки давлатии лоиҳаҳои сохтмонӣ мебинад. Намояндаҳои HeadHunter қайд мекунанд, аз ҳама бештар ҷойҳои холие пайдо шуданд, ки онҳоро сохтмончиён ба риелторон ва агентон пешкаш мекунанд. Хадамоти дигар оид ба интихоби кор – SuperJob – тахмин дорад, ки қисми ин ҷойҳои кориро намояндагони соҳаҳои аз бӯҳрон ҷабрдида банд карда метавонанд.

Источник