Т. Москалкова: алтернативаи хориҷкунии муҳоҷироне лозим аст, ки дар ФР оила офариданд

Фото:РИА Новости-Илья Питалев.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар ФР Татяна Москалкова меҳисобад, ки барои нигоҳдории оилаҳо алтернативаи хориҷкунии муҳоҷирони ду маротиба қонунгузории маъмуриро дар ФР вайронкарда пешбинӣ бояд кард. Дар бораи ин омбудсмен дар рӯзи сешанбе дар форуми байналхалқии «Занон — кафолати устворӣ, амният, офаридан, эҳё ва сулҳ: таҷрибаи пешқадам, амалҳои мусбӣ, ғояҳои нав» хабар дод. «Имрӯз кодекси маъмурӣ масъаларо хеле қатъӣ мегузорад, ки одами ду маротиба ба қоидавайронкунии маъмурӣ роҳдода, бояд ҷаримабандии маъмурӣ гардад ва хориҷ карда шавад. Мо аз қонунгузор хоҳиш мекардем, ки он алтернативаро пешбинӣ мекард», — гуфт Москалкова, инчунин саҳеҳ намуд, ки ин барои нигоҳдории оилаҳо муҳим аст, зеро мешавад, ки муҳоҷирони дар ин ҷо оиларо бунёд карда бояд хориҷ карда шаванд. Барои ҳамин ӯ диққатро ба он ҷалб намуд, ки ҳуқуқвайронкуниҳо гуногун буда метавонанд: «аз роҳ ба чароғаи сурх гузашт, ин як аст, моддаҳои мухаддирро фурӯхт, истеъмол кард — ин дигар»

Источник