Суд роҳбарияти хостели маскавиро баъд аз ҳалокати 8 нафар ба ҳабс гирифт

Фото: пресс-служба Пресненского районного суда г. Москвы.

Суд ноҳияи Пресняи Маскав муассиси хостелро, ки дар он дар сӯхтор ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд, ба ҳабс гирифт, хабар доданд ба РБК дар хадамоти матбуоти суд. «Аз ҷониби суди ноҳияи Пресняи шаҳри Маскав чораи пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ нисбати Миронов Рауф Александрович, айбдоршаванда дар содиркунии ҷинояти дар қисми 3 моддаи 238 КҶ ФР пешбинигардида, ба муҳлати то 29 сентябри соли 2022 интихоб карда шуд», хабар доданд дар суд. Бо худи ҳамон модда директори генеларии хостел Элеонора Миронова, духтари муассис ба ҳабс гирифта шудааст. Тоҷир айбдории ба ӯ эълонгардидаро рад кард ва арз намуд, ки ҳамаи камбудиҳоеро, ки бо бехатарии сӯхтор алоқаманданд, дар хостел бартараф кардаанд, хабар медиҳад ТАСС. Вале ӯ барои ҷуброн кардани зарар ба хешовандони истиқоматкунандагони ба ҳалокат расида розӣ шуд. «Барои ҳалли ҳамаи масъалаҳо оиди ҷуброн ба хешовандони дар ин фоҷиа фавтида розиям»,– гуфт Миронов

Источник