Салиби Сурхи Россия (РКК) дар Москва барои ёрӣ ба гурезагон ва муҳоҷирон қабулгоҳи ҷамъиятиро кушод

Фото РИА Новости-Павел Бедняков.

Салиби Сурхи Россия (РКК) дар Москва барои ёрӣ ба гурезагон, шахсони маҷбурӣ ба ҷойи дигар кӯчида ва муҳоҷирон қабулгоҳи ҷамъиятиро кушод Оиди ин рӯзи душанбе хадамоти матбуоти РКК хабар дод.

«РКК дар Москва дар доираи кори маркази РКК оид масъалаҳои муҳоҷиратӣ қабулгоҳи ҷамъиятиро кушод. Қабул шахсан гузаронида мешавад, гурезагон, кӯчидаҳои маҷбурӣ, муҳоҷирон ва шахсони бе шаҳрвандӣ аз кишвари дилхоҳи ҷаҳон муроҷиат карда метавонанд»,— гуфта мешавад дар хабар. Тибқи суханони раиси РКК Павел Савчук, одамон дастгирии ройгонро оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ёрии руҳӣ-иҷтимоӣ, ёрӣ дар васеъкунии дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ гирифта метавонанд. «Масалан, мутахассисони мо ба хоҳишмандон дар ба расмият даровардани полисҳои суғуртакунии ихтиёрии тиббӣ ва эмгузаронии ихтиёрӣ бар зидди сирояти коронавирусӣ ёрӣ медиҳанд»,— гуфт Савчук, ки суханони ӯро дар матбуоти хадамотӣ оварданд. Қабулгоҳи ҷамъиятии РКК дастрасии гурезарон, кӯчидагони маҷбурӣ ва муҳоҷирон дар Москва ва вилояти Москваро инчунин ба ёрии башардӯстона, таҳсилоти иловагӣ барои кӯдакон, аз он ҷумла, ба курсҳои забони русӣ ҳамчун хориҷӣ ва омӯзиши фанҳои барномаи мактабӣ таъмин мекунад.

Источник