Роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ бо раиси нави мухторияти миллӣ-мадании ӯзбек вохӯрд

Фото: mos.ru.

Сани 26 июли соли 2022 роҳбари Департаменти Виталий Сучков бо раиси нави Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Мухторияти миллӣ-мадании ӯзбек дар шаҳри Маскав» Баҳром Исмоилов вохӯрд. Дар рафти вохӯрӣ сарвари Департамент қайд кард, ки иттиҳодияҳои миллии ҷамъиятӣ дар нигоҳдории сулҳи байни миллатҳо ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, ба амал овардани мубодилаи маданӣ дар пойтахти Русия нақши калон мебозанд. Дар рафти вохӯрӣ дурнамоҳои ҳамкорӣ байни мухторияти миллӣ-маданӣ ва ҳукумати шаҳр бо мақсадҳои ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо дар Маскав, нигоҳдорӣ ва рушди оинҳои мадании ӯзбекӣ муҳокима карда шуданд. Ҷонибҳо шавқмандии ҳамдигарӣ ва омодагӣ ба муносибати байниҳамдигарии ҷиддӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногунро баён карданд. Инчунин Виталий Сучков Баҳром Исмоиловро бо интихоб ба вазифаи раиси Шӯрои Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии «Мухторияти миллӣ-мадании ӯзбек дар шаҳри Маскав» гарм табрик карда ва умед баён намуд, ки таҳти роҳбарияти нав мухторияти миллӣ-маданӣ кори пурмаҳсулро оид ба нигоҳ доштан ва маъруфнамоии маданияти ӯзбек, тарбияи ватанпарварӣ ва мустаҳкамкунии ризоият байни сокинони мегаполсиси бисёрмиллата давом хоҳад дод. Дар анҷоми вохӯрӣ Виталий Сучков ба Баҳром Исмаилов, инчунин ба ҳамаи фаъолон ва аъзоёни мухторияти миллӣ-маданӣ дар меҳнати созандагӣ ва оғози корҳои дилхоҳ муваффақиятҳо таманно кард

Источник