Россия маҳдудиятҳо ба вурудро барои шаҳрвандони Қирғизистон аз 16 май мекушояд

Фото: gov.kg

Ҳукумати Федератсияи Русия дар заминаи стабилизатсияи ҳолати эпидемиологӣ оиди бекоркунии маҳдудият ба воридшавӣ ба Русияро барои шаҳрвандони Қирғизистон, инчунин ба баромади шаҳрвандони Русия ба Қирғизистонро аз 16 майи соли 2022 қарор қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон. Бояд ёдрас намуд, ки дар моҳи июли соли 2021 хадамоти матбуоти сафоратхонаи Русия дар Қирғизистон оиди воридкунии қоидаҳои нав барои вуруд ба кишвар хабар дод. Мутобиқи ҳуҷҷат, аз 10 июли шаҳрвандони Қирғизистон ва кишварҳои дигари ИИАО ҳангоми вуруд ба кишвар бояд тавассути барномаи «Путешествую без COVID-19» натиҷаҳои санҷиши РЗП-ро, ки на пештар аз 72 соат то омадан ба Русия гирифта шудааст, пешкаш мекарданд. Қайд мекунем, ки аз 14 апрели соли ҷорӣ масъала оиди бекоркунии маҳдудиятҳо барои вуруд ба Русия дар рафти маҷлиси 23-юми комиссияи байниҳукуматии қирғизистонӣ-русиягӣ муҳокима карда шуда буд. Дар маҷлис муовини раиси шӯрои вазирони Қирғизистон Арзибек Кожошев ва муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчук иштирок карданд. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мавқеъи ҳуқуқии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ аз Қирғизистонро дар ҳудуди Русия муҳокима карданд.

Источник