Муҳоҷирон Русияро тарк намекунанд

Валерий Выжутович/Фото : Сергей Куксин

Коршиносон мегӯянд, ки дар шароити муҷозот Русия барои муҳоҷирон камтар ҷаззоб гардид. Ин бо қурби доллар ва душворшавии интиқолҳои байналхалқии асъорӣ вобаста аст. Дар натиҷа омадани муҳоҷирон кӯтоҳ мегардад, рафтан бошад, бештар шуда истодааст. Агар чунин бошад, оё он гоҳ норасоии қувваи корӣ дар бозори меҳнати русӣ ба миён намеояд? Ин мавзуъро бо собиқ муовини директори ХФМ Русия, роҳбари Маркази тадқиқоти таҳлилӣ ва амалии ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ Вячеслва Поставнин муҳокима мекунем.

— Рафтани муҳоҷирон дар анҷоми феврал оғоз гардид, тасдиқ мекунанд намояндагони диаспораҳои озарбойҷонӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қазоқӣ. «Он маблағҳое, ки муҳоҷирон ба даст меоварданд ва ба хона мефиристоданд, ду маротиба кам шуданд. Агар қаблан ӯ 100 ҳазор мефиристод ва дар он ҷо 100 ҳазор мегирифтанд, акнун ӯ 100 ҳазор мефиристад, дар он ҷо 50 ҳазор мегиранд»,– мегӯяд намояндаи Маркази дастгирии ҳуқуқии муҳоҷирон Раҳматулло Хушвақтов. Аз рӯи пешгӯиҳои шумо, рафтан оммавӣ мегардад?

Источник