Муҳоҷирони меҳнатиро ба суҳбат даъват мекунанд. Умеди васеъ паҳн кардани таҷрибаи мутобиқати муҳоҷиронро доранд

Екатерина Трифонова / Фото:@mvremya.ru/ Эльвира Юнусова.

Сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба мутобиқгардонии муҳоҷирон дар Русия ҳоло коркард карда нашудааст. Дар минтақаҳои ҷалбгардии бештари муҳоҷирон дар оянда монанди лоиҳаи пойтахтии «Маскави бисёрмиллата – ҳудуди бе муноқишаҳо» пайдо шуданашон мумкин аст. Навоварии он вохӯриҳои мавзувии амалдорон бо муҳоҷирони меҳнатӣ ба сифати яке аз чораҳои мутобиқгардонии шаҳрвандони хориҷӣ (ШХ) дар Россия хоҳад буд. Худи ин мутобиқгардонӣ бояд асбоби асосии пешгирии шиддати байни миллатӣ, ки ҳатто нисбат ба назорати ҳифзи ҳуқуқ бартарият дошта метавонад. Коршиносон ба он нишон доданд, ки дар ин ҷо, мутаассифона, сиёсати давлатии ягон коркард карда нашудааст. Ҳаллҳои мушаххаси минтақаҳои умуман ба омадагони қонунӣ равона карда шудааст, он вақте, ки муаммоҳои асосӣ бештар бо ғайриқонуниҳо вобаста аст. Барои камкунии зиддиятҳои байнимиллатӣ на танҳо кӯшиши муҳофизони ҳуқуқ, вале кори фаҳмондадиҳии пайдарҳам дар сатҳи муносибатҳои байниҳамдигарии шаҳрвандӣ лозиманд. Яке аз чунин лоиҳаҳо, чӣ тавре ки ба «НГ» маълум гардид, ҳоло мутобиқи Стратегияи сиёсати миллии шаҳри Маскав то соли 2025 амалӣ карда мешавад. Муҳоҷирони меҳнатӣ шахсан бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, оғоз аз политсия ва анҷом бо роҳбарони идораҳои ноҳиявӣ, ки омадагонро ба кор қабул мекунанд, суҳбат карда метавонанд. Дар чунин вохӯриҳо намояндагони ҷамъияте, ки бо муаммоҳои ШХ машғуланд, иштирок мекунанд

Источник