Муҳоҷирони дар ХМК машғулбударо аз COVID-19 ваксинагузорӣ мекунанд

Дар пойтахт аллакай бештар аз ними кормандони соҳа воягузорӣ гардидаанд. Муовини раиси пойтахт Пётр Бирюков хабар дод, ки муҳоҷирони дар соҳаи ХМК пойтахт машғулбударо аз коронавирус ваксинагузорӣ мекунанд. Дар пушти пардаҳои Форуми урбанистии Маскав ӯ ба РИА Недвижимсть гуфт: «Дар мо намояндагони давлатҳои хориҷӣ – тақрибан 38 ҳазор нафар кор мекунанд. Касе, ки нишондодҳои зиддӣ надорад, воягузорӣ карда мешаванд ва дар тартиби муқарраргардида ваксина гирифта метавонанд». Бирюков ёдрас намуд, ки дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва хоҷагии шаҳрии Маскав 500 ҳазор нафар машғуланд. 60% аз коммуналчиён воя гирифтаанд. Муовини раиси шаҳр гуфт, ки то 15 июл ҳамаи онҳое, ки нишондоди зид надоранд, воя хоҳанд гирифт.

https://www.bfm.ru/news/475806