Муфтӣ пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирон курсҳои таърихи Русия ҷорӣ карда шаванд

Фото: © Пресс-служба ДСМР.

Раиси Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Русия муфтӣ Албир Крганов пешниҳод кард, ки барои муҳоҷирони вориди кишваршаванда курсҳои таърихи Русия ташкил карда шавад.

«Комилан дуруст аст, ки ба одамоне, ки ба ин чо меоянд, забони русиро омузондан лозим аст, зеро ин забон пеш аз хама ба онхо лозим аст, ин барои онхо монеа аст.Аммо мо таклиф доштем, ки барои онҳо курсҳои кӯтоҳи таърихи Русия ҷорӣ карда шавад, зеро ҷавонони 25-30 солаи имрӯза забони русиро наомухтаанд ва дар онҳо аллакай мафҳуми умумияти шӯравӣ вуҷуд надорад ” — гуфт муфтӣ. Крганов кайд кард, ки ба чавонон бояд фаҳмонид: «Мамлакате, ки шумо ба он чо меравед, давлати бегона нест, он ба шумо душман нест».

https://ria.ru/20211102/kursy-1757401936.html