📄 Москва. Қоидаҳо оддӣ

Ба Москва омада, Шумо метавонед дилпур бошед – ҳуқуқҳои Шумо ҳимоя карда мешаванд:

ШАХСӢ: ҳуқуқ ба ҳаёти бехатар, ба ҳимояи молу мулк, озодии тағйири макон, озодии дин, ҳуқуқи бастани ақди никоҳ.

ИҶТИМОӢ: ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ, таҳсил ва истироҳат.

МАДАНӢ: ҳуқуқ ба иштирок дар ҳаёти маданӣ, ҳуқуқи эҷодкорӣ.

ИҚТИСОДӢ: ҳуқуқ ба меҳнати озод – Шумо метавонед намуди фаъолиятро интихоб кунед ва пул кор кунед. Барои ба таври қонунӣ кор кардан, ба Шумо лозим аст, ки расман ба кор дохил шавед ва қонунгузориро қатъиян риоя кунед.