Миқдори патентҳои ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия додашуда дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ, қариб ду маротиба нисбат ба давраи мутобиқи соли гузашта зиёд шуд

Фото: Иван Шилов@ИА REGNUM.

Дар бораи ин маълумотҳои ВКД оид ба муҳоҷират барои давраи аз январ то октябри соли 2021 шаҳодат медиҳанд. Дар давоми ин вақт ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ 1 853 395 патентҳо ба расмият дароварда шуданд. Дар давоми 10 моҳи соли гузашта ин нишондод ба 971 854 баробар буд. Қаблан директори департаменти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Алтинай Омурбекова иброз дошт, ки дар соли 2021 дар Русия муҳоҷирон нисбат ба соли пеш се маротиба бештар шуданд. Мутоибқи суханони мутахассисон, ин маънои онро дорад, ки кормандони Русияро дар соли 2020 аз сабаби пандемияи коронавирус тарккарда, оммавӣ баргашта истодаанд.

https://rg.ru/2021/12/06/potok-migrantov-vnov-hlynul-v-rossiiu.html