Коршиносон: рақамикунонии хизматрасониҳо дар соҳаи муҳоҷират ба Русия ҷалб карда шудани қувваи кориро соддатар мекунад

Фото: Сергей Булкин/NEWS.ru

Рақамикунонии ҳамаи хизматрасониҳо дар соҳаи муҳоҷират, инчунин кӯтоҳшавии муҳлати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо протседураи ба ФР ҷалб карда шудани қувваи кории хориҷиро соддатар мекунад. Чунин ақидаро рӯзи душанбе ба ТАСС сарвари Палатаи савдою саноати (ПСС) Россия Сергей Катирин иброз дошт.

«Яке аз вариантҳои асосии ҳалли муаммо [соҳиби ҷойи кор гардидани муҳоҷирон дар ФР] рақамикунонии ҳамаи хизматрасониҳо дар соҳаи муҳоҷират аст. Ба бизнес имконияти додани аризаҳо, дархостҳо ва ҳуҷҷатҳои пайравикунандаро дар намуди электронӣ бо ҳадди ақал камкунии ҳузури шахсии хориҷиёнро дар зершӯъбаҳои ваколатдор оид ба масъалаҳои муҳоҷират пешкаш бояд кард. Кӯтокунии муҳлатҳои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, аз он ҷумла, таъмин намудани имконияти ба расмият даровардани тезонидашудаи ҳуҷҷатҳоро ҳангоми пардохти боҷи иловагӣ мувофиқи мақсад буда метавонад»,– гуфт Катирин. Инчунин, чӣ тавре ки сарвари палата фикр мекунад, масъала оиди бекоркунии принсипи «ӯҳдадории ҷониби қабулкунанда», ки барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардани намояндагони бизнесро бе исботи айб барои қарорҳои аз ҷониби шаҳрванди хориҷии даъваткардашаванда имкон медиҳад, бояд баррасӣ гардад.

Источник