Иттилоот оиди гузаронида шудани намозҳои идонаи Иди Рамазон дар масҷидҳои Маскав

Фото: РИА Новости/Алексей Куденко

Раёсати рузии мусулмонони Федератсияи Русия оиди он иттилоъ медиҳад, ки санаи 2 майи соли 2022 – дар рӯзи ҷашнгирии Ид-ал-Фитр – Иди Рамазон дар масҷидҳои зерин мегузаранд:

Масҷиди Ҷомеъи Маскав (м. Проспект мира, гузаргоҳи Виползов х.7). Оғози намози идона дар 07:00. Масҷиди Таърихӣ (м.Новокузнетская, Третяковская, кӯч. Болшая Татарская х.28, бинои 1). Оғози намози идона дар 08:00. Масҷиди Ёдгории «Шуҳада» дар Поклонная гора (кӯч. Минская д.2Б). Оғози намози идона дар 6:30. Ба ғайр аз он, Раёсати руҳии мусулмонони вилояти Маскав дар ҳамҷоягӣ бо ҳукумати вилояти Маскав 40 майдончаҳоро барои содир кардани намози идонаи Иди Рамазон пешкаш мекунад. Оғоз дар 08:00. Муфассалтар бо суроғаҳои майдончаҳо дар сомонаи расмии РРМ ВМ – www.dummo.ru шинос шудан мумкин аст. Инчунин РРМ ФР аз ҳамаи нияткардаҳои хондани намози идона дар Масҷиди Ҷомеъи Маскав истифода бурдан аз истгоҳҳои ба «Проспект Мира» наздикбудаи ба монанди «Сухаревская», «Достоевская», «Комсомолская», «Светной булвар», «Трубная»-ро хоҳиш мекунад. Пешакӣ харидани чиптаҳои метроро ба ҳар ду тарафи хатсайр тавсия дода мешавад. Дар рафти ташриф ба масҷидҳо нишондодҳои кормандони политсия ва волонтерон иҷро карда шавад.

Источник