Дар Қирғизистон марказҳои муҳоҷиратии Русияро дар соли 2022 кушода метавонанд

 Фото: МЦ «Сахарово»

Марказҳои муҳоҷиратии Федератсияи Русия – монанди маркази бисёрфунксионалии «Сахарово» дар Маскав – эҳтимол аст, ки дар Бишкек ва Ош то тобистони соли 2022 кушода шаванд. Ин муассисаҳо барои қирғизистониҳои ба ФР бароянда, хусусан бо мақсади кор кардан, хеле муҳиманд. Барои чӣ? Аллакай дар соли ҷорӣ дар Бишкек ва Ош марказҳои муҳоҷиратии ФР бояд пайдо шаванд. Оиди ин, ба ҳар ҳол, дар вохӯриҳои охирони шахсони расмии русиягӣ ва қирғизистонӣ сухан рафт. Мавзуъи мубрам, масалан, дар гуфтушунидҳои сухангӯёни парламентҳои ду кишвар Талант Мамитов ва Вячеслав Володин муҳокима гардидааст ва нуқтаи назари мусбии ҷониби русиягиро соҳиб гашт. Оиди он, ки объектҳои монандро дар Қирғизистон то тобистони соли 2022 кушода метавонанд, баъд аз сафари директори департаменти хадамоти консулии ВКХ ҶҚ Амангелди Имангазиев маълум гардид. Ӯ ба маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии «Сахарово» дар Маскав ташриф овард, ки дар он ҷо ба ӯ намоиш доданд, ки чӣ тавр шаҳрвандони хориҷӣ, аз он ҷумла қирғизистониҳо, аз ташхиси тиббӣ, бақайдгирии дактилоскопӣ ва протседураи суратгириро мегузаранд. Чӣ тавре ки ба хабарнигори «РГ» дар вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба созиш оиди давом додани машваратҳо оид ба дар Қирғизистон кушодани марказҳои муҳоҷиратии (ММ) ФР расида шуд.

Источник