Дар Русия лоиҳаи «Бачаҳо дар ин ҷо» барои аз ҷониби кӯдакони муҳоҷир омӯхта шудани забони русӣ амалӣ мегардад

Фото РИА Новости-Павел Бедняков.

Лоиҳаи «Бачаҳо дар ин ҷо» бо мақсади омӯзонидани кӯдакони муҳоҷиро ба забони русӣ ва асосҳои маданияти русӣ офарида мешавад ва бо дастгирии Хазинаи президентии ташаббусҳои маданӣ амалӣ карда мешавад. Вазифаи лоиҳаи «Бачаҳо дар ин ҷо» – ёрӣ додан ба кӯдакон дар гузоштани қадамҳои аввал дар мутобиқшавӣ ба муҳити нави забонӣ ва маданӣ ва дар оянда гаштани аъзоёни баробарҳуқуқи ҷамъияти бо як коди маданӣ ҳамҷоягардида мебошад. Платформаи детиздесь.рф курсҳои омӯзишӣ аз омӯзгорони русӣ ҳамчун хориҷӣ ва муҳтавои бадеиро дарбар мегирад: филмҳои тасвирии машҳури муосир ва силсилафилмҳо. Тамоми муҳтавои видеоӣ бо субтитрҳо дар забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва озарбойҷонӣ таъмин карда шудааст. «Мо нақшаи васеъ кардани ҳамкорӣ бо соҳибҳуқуқонро дорем,– нақл мекунад директор оид ба коммуникатсияҳои лоиҳаи таълимии «Бачаҳо дар ин ҷо» Максим Шиян. – Қисми китобхонаи муҳтаво ба ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа дастрас мешавад, қисми дигараш – пайдарҳам баъд аз гузаштани курсҳои видеоӣ. Мо умедворем, ки ин бачагонро барои давом додани омӯзиш такон медиҳад. Инчунин барои хонандагон клубҳои суҳбатӣ оид ба мавзуъҳои мубрам ва чорабиниҳои зинда дар шаҳрҳои гуногуни кишвар гузаронида мешаванд».

Источник