Дар пойтахт дар Поклонная гора иди «Халқҳои Маскав» баргузор гардид

фото: mos.ru.

Санаи 28 август дар доираи Фестивали ХХ матбуоти Маскав дар Поклонная гора намоиши рангоранг баргузор гардид. Дастаҳои ҳунарии пойтахти бисёрмиллата ба тамошобинон садоҳо, рақсҳо, шеърият, сурудҳо, либосҳо ва асбобҳои мусиқии миллиро пешкаш намуданд. Иди беҳамтои «Халқҳои Маскав» бо мақсади мустаҳкамкунии ризоияти байни миллатҳо, сулҳи байни динҳо, инчунин пешгирии экстремизм ва миллатгароӣ дар пойтахт гузаронида шуд. Чорабиниро рӯзномаи «Вечерняя Москва» бо ҳамроҳии Департаменти сиёсати миллӣ ва алоқаҳои байниминтақавии пойтахт ташкил кардааст.

Источник