Дар Москва ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ барои муҳоҷирон баргузор мегардад

Фото:© Sputnik-Алексей Куденко

18 декабр, дар рӯзе, ки Рӯзи байналхалқии муҳоҷири меҳнатӣ қайд карда мешавад, дар Москва ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ барои муҳоҷирон баргузор мегардад. Дар он ҳар як хоҳишман бе душворӣ бо шинос шудан бо ҳамаи шартҳо ва талаботҳо ба корманд бевосита дар ҷояш ба худ ҷойи кори холии мутобиқро ёфта метавонад. Ба ғайр аз шиносоӣ бо ҷойҳои холии кор, ярмарка меҳмононро бо барномаи ғанӣ шод мекунад. Ярмарка дар технополиси «Москва» дар суроғаи: хиёбони Волгоградский, х. 42, бинои 5, ошёнаи 3 санаи 18 декабр, аз 10:00 то 16:00 баргузор мегардад.

Источник