ВКД берун кардани хориҷиёнро барои вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ оғоз мекунад

Фото: Антон Новодережкин / ТАСС.

ВКД имконияти аз кишвар берун кардани хориҷиёнро барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои дағали маъмурӣ баррасӣ мекунад. Оиди ин ба «Интерфакс» сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Валентина Казакова хабар дод.

«Масъала оиди ба Кодекси Федератсияи Русия дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ илова кардани тағйиротҳо дар қисми ворид кардани ӯҳдадориҳои хориҷиён дар намуди берун кардан барои аз ҷониби онҳо содир карда шудани ҳуқуқвайронкуниҳои дағали маъмурӣ, аз он ҷумла, қасдкунанда ба тартиботи ҷамъиятӣ, баррасӣ мегардад»,– гуфт ӯ. Навгонии мазкур, аз суханони Казакова, давоми кор оид ба такмили механизмҳои назорат аз болои будубоши хориҷиён дар Русия мебошад. Ӯ қайд кард, ки дар доираи таҷдиди маҷмаавии қонунгузории муҳоҷиратӣ вазорат нақшаи ворид кардани ҳуҷҷати ягона барои шаҳрвандони хориҷиро дорад, ки барои таъмин кардани муайянкунии онҳо имкон медиҳад.

Источник