ВКД бекор кардани иҷозатнома барои истиқомати муваққатӣ барои муҳоҷиронро пешниҳод намуд

Вазорати корҳои дохилии ФР лоиҳаи қонунро оиди тағйир додани қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар Русия коркард намуда, аз ба расмият даровардани иҷозатномаҳо барои зисти муваққатӣ даст кашиданро пешниҳод кард. Одатан чунин ҳуҷҷат ба хориҷиён барои дар ҳудуди Русия дар давоми се сол истиқомат ва кор кардан имкон медиҳад. Ба ҷои ин ВКД се реҷаи муҳоҷиратии будубош дар Русияро пешбинӣ кардааст: реҷаи будубоши кӯтоҳмуддат – на бештар аз 90 рӯз дар давоми соли тақвимӣ, реҷаи будубоши дарозмуддат – бештар аз 90 рӯз, вале бе гирифтани иҷозатнома барои зисти доимӣ, ҳамчунин реҷаи зисти доимӣ, ки бемуҳлат амал мекунад.

https://www.ridus.ru/news/357816