ВКД ба муҳоҷирони дар занозаниҳои оммавӣ иштироккарда вуруд ба Русияро таъқиқ мекунанд

ВКД хориҷиёнеро, ки дар занозаниҳои оммавӣ иштирок мекунанд, берун ва вуруди онҳоро ба ФР таъқиқ хоҳад кард, ба ТАСС дар хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд. Аз рӯи маълумотҳои он, хадухӯрдҳо дар вилоятҳои Амур, Маскав ва Свердловск, Ҷумҳурии Доғистон, дар Маскав ва Санкт-Петербург муоина гардидаанд. Ҳамзамон дар вақти занозаниҳо таҳдид ба ҳаёт ва саломатии одамон офарида шудааст, бар зидди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қувва татбиқ карда шуда, ҳаракати нақлиёт баста шудааст. Хориҷиёни дастгиршуда ба 15 шабонарӯз ҳабс карда шудаанд, вуруди онҳо да Русия манъ карда мешавад. Агар онҳо ҳудуди кишварро мустақилона тарк накунанд, он гоҳ берун карда мешаванд. Яке аз занозаниҳои оммавитарини калонтарин дар солҳои охирон байни хориҷиён шаби 13 июл дар назди истгоҳи метрои «Кузминки»-и пойтахт ба амал омад. Аз рӯи маълумотҳои гуногун, дар он то 200 нафар иштирок карданд, аз онҳо 45 нафар ба 15 шабонарӯз ҳабс карда шуданд. 103 нафар иштирокчии ҷанҷол депортатсия карда шуд.

http://radiovesti.ru/news/2593806/