Байни муҳоҷирон дар Русия занон бештар мегарданд:

Фото: © Sputnik / Александр Кряжев.

Дар Русия байни муҳоҷирон тамоюли навро муайян карданд: ба кишвар аз Осиёи Марказӣ занон бештар ворид шуда истодаанд, қайд карданд иштирокчиёни конфронси байналхалқии «Чеҳраи занонаи муҳоҷират». Дар айни замон «то 50% аз воридшавандагон ба Русия аз Қирғизистонро занон ташкил медиҳанд, ҳиссаи занони ворид шуда истодаи тоҷик ва туркман на бештар аз 10% аз муҳоҷирон аз ин кишварҳо», хабар медиҳад Ura.ru дар Telegram бо истинод ба иттилоот аз иштирокчиёни конфронс. Коршиносон мегӯянд, ки қаблан занон-муҳоҷирон ба Русия ҳамчун аъёзоёни оила меомаданд ва қариб ки ҳеҷ гоҳ кор намекарданд, вале акнун тамоюл ба ҷалбкунии муҳоҷирати меҳнатӣ дида мешавад (хусусан, занон-муҳоҷирон бештар ба кор ҳамчун фаррошон, кӯчарӯбон, фурӯшандаҳо дохил шуда истодаанд, ҳамчунин онҳо мардонро бо кор кардан ҳамчун курйерҳо ё ки дар истеҳсолот, ки қувваи ҷисмонӣ талаб карда намешавад, иваз карда истодаанд).

https://vz.ru/news/2021/10/12/1123624.html