Омӯзиш ва интегратсияи кормандон-муҳоҷирон: тамоюли нав байни кордеҳон

Кормандони агрогластери дар Маскав ҷойгирбудаи «Фуд Сити» бо ташаббуси гузаронидани машғулотҳои забонӣ ва интегратсионӣ барои муҳоҷирон баромад карданд. Чӣ тавре ки хадамоти матбуоти бозор хабар дод, мавзуъи асосии курсҳо омӯзиши асосҳои маданият ва оинҳои русиягӣ, ҳамчунин менталитети сокинони маҳаллӣ гардид. Ҳамчунин дар курсҳо кормандони хориҷӣ бо омӯзандагон хусусиятҳои грамматикаи забони русиро муҳокима мекунанд, қоида ва меъёрҳои маданияти муошират дар Русияро меомӯзанд. Барномаи машғулотҳо бо назардошти ӯҳдадориҳои касбии муҳоҷирон тартиб дода шудааст. Курсҳоро кормандони «Фуд Сити» мегузаронанд, ки омодагии педагогиро аз рӯи якчанд самт: қонунгузории ФР, маданияти нутқ, забони русӣ, техникаи бехатарӣ ва ғайр гузаштаанд. Бояд қайд кард, ки ин аллакай на якум кӯшиши ширкатҳо ва соҳибкорони русиягӣ барои машғул шудан бо омӯзиш ва интегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Чӣ тавре ки MEDIA-MIG ҳануз дар соли 2021 навишта буд, Delivery Club, хадамоти дастраскунии хӯрокворӣ дар Русия, бо ҳамроҳии ширкати консалтингии КБ Стрелка дар забонҳои русӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ барномаро оид ба омӯзонидани велокурйерҳо ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ оғоз карда буданд.

https://media-mig.ru/business/obuchenie-i-integracija-sotrudnikov-migrantov-novyj-trend-sredi-rabotodatelej/