Муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, аз майдони ҳуқуқии Русия меафтанд

Муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд забони русиро донанд, вагарна аз майдони ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иртиботӣ берун мемонанд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа дар нишасти онлайнии бахшида ба интиқоли Маркази ягонаи муҳоҷират раиси Шӯрои назди президенти Федератсияи Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон Валерий Фадеев изҳор дошт.

«Агар муҳоҷири корӣ забони русиро надонад, кафолат ҳаст, ки аз майдони муоширатӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии забони русӣ хориҷ шавад ва дар ин ҷо дар ин айнан майдони миллӣ боқӣ монад», — таъкид кард Фадеев. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандон шикоят доранд, ки шиору лавҳаҳо дар маҳаллаи маркази муҳоҷират на ба забони русӣ, балки, масалан, тоҷикӣ ё узбекӣ навишта шудаанд.

https://tass.ru/obschestvo/12905057