Муфтӣ Крганов: ширкатҳои ҷалби муҳоҷирон бояд хобгоҳро ташкил кунанд

Муассисаҳое, ки муҳоҷиронро ба таври оммавӣ ба кор ҷалб мекунанд, бояд масъалаҳои зисти онҳоро ҳал намуда, барои будубоши онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд ва дар назди ҷомеа масъулият доранд, гуфт узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия, муфтӣ Албир Крганов.Ӯ таъкид кард, ки аз муроҷиати сокинони дехаи Сосенскоеи Москва ба Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти ФР ҷонибдорӣ мекунад. Сокинони Сосенское қаблан пас аз эълони нақшаи кӯчонидани Маркази ягонаи муҳоҷират (МЯМ) аз деҳаи Путилковои наздикии Маскав ба Сахарово дар Маскави нав ба ШҲИ муроҷиат карда буданд. Раҳбари ШҲИ Валерий Фадеев аз сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев ва мири Маскав Сергей Собянин хостааст, ки мушкилоти марбут ба интиқоли МЯМ -ро ҳал кунанд.

https://ria.ru/20211106/migranty-1757883762.html