Мутобиқи хоҳиши сокинони назди Маскав, маркази муҳоҷиратӣ аз Путилково ба Сахарово меравад.

Сокионони микроноҳияи Путилковои Красногорск дар назди Маскав бемалол нафас кашида метавонанд. Маркази муҳоҷиратиеро, ки пӯшидани онро хоҳиш мекарданд, аз микроноҳия мегиранд. «Мо майдончаи навро интихоб кардем, ва аллакай дар моҳи ноябр марказ бояд кӯчад», — хабар дод муовини раиси ҳукумати вилоят Роман Каратаев. Маркази ягонаи муҳоҷиратӣ дар Путилковоро якчанд сол қабл кушода буданд, вақте ки микроноҳия майдончаи сохтмони калон бо хонаҳои камшумори одамнишин буд. Вале тағйироти бисёре ба миён омад, ба хонаҳо одамон омаданд, ва шикоятҳо бештар гардиданд. Одамон шикоят мекарданд, ки муҳоҷирон аз шаб дар МЯМ навбат ишғол карда, таваққуфгоҳҳои маҳаллиро бо мошинҳо пур мекунанд, ки дар интизории навбат дар назди худи ин мошинҳо, мехобанд, мехӯранд, мусиқӣ мешунаванд, ҷанҷол мекунанд.  МЯМ дар назди Маскав ба деҳаи Сахарово, ки дар музофоти Вороновское дар Маскав Нав ҷойгир аст, меравад. Ба он ҷое, ки дар он ҷо маркази муҳоҷиратии пойтахт ҷойгир аст. Дар он ҷо наздикии бевосита хонаҳои истиқоматӣ нестанд, яъне муҳоҷирон ба касе халал намерасонанд. Ҳоло касе оиди он намегӯяд, оё ду марказ — пойтахтӣ ва вилоятӣ, ба як шахси ҳуқуқӣ ҳамҷоя мешавад ё не. Ин мантиқан дуруст мешуд, бо назардошти он, ки муҳоҷирони зиёд патентҳои кориро дар Маскав мегиранд, манзили зистро бошад, аз вилоят, ки дар он ҷо арзонтар аст, мекобанд.

https://rg.ru/2021/09/23/reg-cfo/migracionnyj-centr-pereezzhaet-iz-putilkova-v-saharovo.html