Камчинии қувваи корӣ дар баъзе мавзеъҳои сохтмонии Москва ба 30% расид.

Камчинии коргарон дар баъзе мавзеъҳои сохтмонии Москва бо сабаби пандемия аз Москва рафтани қисми муҳоҷирон ба 30% расид. Дар бораи ин дар «Саҳарии корӣ» дар «Рӯзномаи россиявӣ» муовини мэри Москва оид ба масъалаҳои сиёсати шаҳрсозӣ ва сохтмон Андрей Бочкарев хабар дод.

«Дар ҳақиқат, қисми коргарони хориҷӣ рафтаанд. Ҳоло низ маҳдудиятҳо барои воридшавӣ аз як қатор мамлакатҳо, ки зодаҳои онҳо дар сохтмонҳои Москва кор мекарданд, мавҷуд ҳастанд. Дар натиҷа дар баъзе мавзеъҳои сохтмонӣ, алахусус дар соҳаи шахсӣ ва дар онҳое, ки бо татбиқгардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ машғул мебошанд, камчинии қувваи корӣ то ба 30% мерасад», – қайд кард ӯ.

https://tass.ru/moskva/9811925