ВКД: Зиёда аз 800 ҳазор шаҳрванди ИДМ дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз ҳамкасбони кишварҳои ИДМ даъват кард, ки барои пурзӯр намудани кор бо ҳамватанон ҷиҳати ба ҳадди аксар риояи волоияти қонун ва рафтори қонунии онҳо ҳангоми будубош дар Русия чораҳо андешанд. Горовой дар ин бора дар нишасти солонаи котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои ИДМ, ки дар Маскав баргузор шуд, изҳор дошт. «Мо аз ҷониби худ омодаем, ки дар масъалаҳои мушаххас кумаки иттилоотии заруриро расонем», — ваъда дод муовини аввали вазири корҳои дохилӣ. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар Русия ҳудуди панҷуним миллион, аниқтараш — 5 486 016 нафар шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ба сар мебаранд. Аз ин шумор 819 652 нафарашон барои будубош асоси қонунӣ надоранд.

https://rg.ru/2021/11/17/mvd-v-rossii-nelegalno-nahodiatsia-bolee-800-tysiach-grazhdan-sng.html