Бастрикин зарурати дар Русия ҷорӣ кардани қайди геномии муҳоҷиронро эълон кард

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин тақозо кард, ки қайди ҳатмии геномии ҳамаи муҳоҷирони корӣ, ки аз хориҷи наздик ба кишвар ворид мешаванд, ҷорӣ карда шавад. Вай пешниҳод кард, ки қонунгузории муҳоҷират кодификатсия карда шавад ва дар санади меъёрии нав тамоми шаклҳои марбут ба сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва гирифтани иҷозаи кор муқаррар карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бояд тартиби дақиқи қайди муҳоҷирон ва гирифтани изи ангуштони онҳо таҳия карда шавад. Ҳамзамон, Бастрикин пешниҳод кард, ки ҳамкориҳои байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти назорати сарҳадӣ дар ин масъала ба роҳ монда шавад.

https://riafan.ru/1546766-bastrykin-zayavil-o-neobhodimosti-vvedeniya-genomnoi-registracii-migrantov-v-rossii